Баргузории аксияи экологии “Тозагии маҳал” дар яке аз мавзеъҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Санаи 7 майи соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Форуми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар яке аз мавзеъҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аксияи экологиии “Тозагии соҳил” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он, ниҳодҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо техникаҳо, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ризокорон ва ғайра дар маҷмуъ беш аз 300 нафар фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур тозаю озода намудани муҳити зист ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад.