Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 779
    2.05.2022
    Аз ҷониби нозирони шуъба ва зерсохторҳои...

    Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Истаравшан

    Аз ҷониби нозирони шуъба ва зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ доир гардида истодааст.

    Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат давоми ду шабонарӯзӣ амалиёт гузаронида натиҷаҳои муайян ба даст оварданд.

    Амалиёти аввал дар минтақаи Қатағани обанбори Баҳри Тоҷик баргузор гардида, санад тартиб дода шудааст ва 300 метр тӯри бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

    Амалиёти дигар дар минтақаи Ҷаҳонзеби обанбори Баҳри Тоҷик гузаронида шудааст. Дар натиҷа, барои сайди ғайриқонунии моҳӣ ду нафар сокинони деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Юлдошев Х. ва Эргашев Ф. боздошт гардиданд. Нисбати 15 сар нуқрамоҳии ғайриқонунӣ сайдгардида маводи зарурӣ дар ҷояш тартиб дода, зарари ба табиат расонидашуда муайян шудааст. Ҳамчунин қаиқи резинӣ муваққатан мусодира гардида, ҷиҳати чораандешӣ мавод ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуд.