Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Тибқи супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 21 январи соли 2022, №98 ва №97 санаҳои 18, 21 ва 23 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Чортеппа, Зайнабобод, Сомониён ва Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар рафти баргузории аксияҳои мазкур 430 нафар сокинони ҷамоатҳои номбурда иштирок намуда, бо истифодаи як адад техникаи махсус соҳили канали Ҷӯйбодом, назди оромгоҳ бо дарозии 3237 метр ва ду шафати шоҳроҳи Душанбе - Рӯдакӣ аз алафҳо ва партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд.
Дар натиҷа 28 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.