Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 767
    26.04.2022
    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров...

    Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ҷамоати деҳоти Ёваи н. Б.Ғафуров конференсия гузаронид.

    Дар он намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва ҷамоати деҳоти Ёва, омӯзгорони факултети геоэкология ва туризми Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок доштанд.

    Аз ҷониби иштирокчиён доир ба таърихи ин санаи экологӣ, муносибати эҳтиёткорона доштан нисбати муҳити зист, иштироки фаъолонаи насли наврас дар беҳбудии муҳити атроф баромадҳо намуданд. Дар рафти конференсия дар байни хонандагони синфҳои болоӣ озмун дар мавзӯи “Ҳифзи Замин ” гузаронида шуд.

    Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмун ва фаъолони чорабинӣ сипосномаву туҳфаҳо тақдим гардид.

    Конференсияи мазкур аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ташкил карда шуда, баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» равона гардидааст.