Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 715
    26.04.2022
    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстӣ оиди дар сатҳи баланд...

    22 –уми апрел Рӯзи байналмилалии Замин дар ноҳияи Дӯстӣ

    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстӣ оиди дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи байналмиллалии Замин дар бинои Қасри Фарҳанги ноҳия бо иштироки 80 нафар хонандагону омӯзгорони 17 муассисаҳои таълимӣ конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Замин –Гарави саломатии инсон” баргузор намуд.

    Хонандагон аз рӯи истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маводи ғизоӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ғайраҳо баромад намуданд.

    Дар кори конференсия намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Р.Тураев иштирок ва баромад намуд.

    Дар охири конференсия барои фаъолона иштирок намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ сипосномаҳо аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия тақдим карда шуд.