Соати экологӣ дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон
Баҳри таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон соати экологӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 гузаронида шуд.
Корманди бахши ҳифзи муҳити зист дар ш.Гулистон ба хонандагон доир ба мақсади асосии таҷлили Рӯзи байналмилалии Замин, саҳми хонандагон дар аксияҳои экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо баромад намуд.
Омӯзгори фанни экологияи муассиса баргузории чунин соати омӯзиширо саривақтӣ арзёбӣ намуда, хонандагон низ ба саволҳои худ оид ба муаммоҳои ҷойдоштаи экологӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.