Амалиёти назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ дар минтақаи Маҳрами шаҳри Конибодом
Аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатӣ ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст.
Ҳангоми гузаронидани яке аз чунин амалиётҳои шабона, дар минтақаи Маҳрами обанбори Баҳри Тоҷик ду нафар истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом Муродов Муҳаммад ва Мирхаёлов Одил, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд боздошт гардиданд. Барои сайд намудани 34 сар моҳӣ санад тартиб дода шуда, мавод бо хулосаи ихтиологӣ барои андешидани чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом супорида шуд. Бо дастрасии моддаи 230 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин ду шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар айни замон дар ҳолати баррасӣ мебошад ва ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти судӣ корҳои омодагӣ амалӣ шуда истодааст.
Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, №38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» корбарӣ пурзӯр ва идома дода мешавад.