Аксияи «Тозагии соҳил» дар ҳудуди ВМКБ
Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ оиди иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷуйборҳо корҳои муайянро ба сомон расонид.
Аксияи «Тозагии соҳил-2022» аз моҳи март оғоз ёфта, то моҳи ноябр дар рӯзҳои мувофиқ дар тамоми қаламрави вилоят давом дода мешавад.
1 майи соли ҷорӣ бо ибтикори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аксияи «Тозагии соҳил» дар кӯчаи Ш. Шоҳтемур баргузор гардид.
Дар аксия 54 нафар кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок дошта, соҳили дарёи Ғундро дар масоҳати 1км тоза намуданд.
Зиёда аз 1,5 м3
партовҳо аз соҳили дарё ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.