Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 690
    26.04.2022
    Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи...

    Баргузории аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” дар шаҳри Турсунзода

    Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳили дарё ва канори каналу ҷӯйборҳо ва ҷалби шаҳрвандон дар чорабиниҳои экологӣ аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

    Аксияҳои мазкур бо иштироки беш аз 1000 нафар намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаҳо, хоҷагиҳои фермериву ҷамоавӣ ва сокинони маҳал дар соҳили дарёҳои Қаратоғ, Ширкент ва атрофи биноҳои маъмуриву кӯча ва деҳот гузаронида шуд.

    Дар натиҷа 16 метри кубӣ партов аз соҳили дарёву каналҳо, атрофи кӯчаву маҳал ва биноҳои маъмурӣ ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи беруназшаҳрӣ интиқол гардиданд.

    Зарфу ашёи полиэтилении ҷамъгардида барои коркарди дубора ба коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ супорида шуд.

    Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар баробари тоза гардидани муҳити зист ва соҳили дарёву манбаъҳои обӣ, инчунин дар баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинии сокинони мусоидат менамояд.