Мулоқот бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ
28 апрели соли 2022 вохӯрии маҷозии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон бо намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат оид ба масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мутахассисони дахлдори Кумита низ иштирок доштанд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар бораи механизми таъсиси фондҳои байналмилалӣ сухан ронда, зикр кард, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ ҳашт қатънома қабул кард ва кишвари мо борҳо дар сатҳи баланд ҳамоишҳои байналмилалӣ доир намуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ кардааст.
Роҳи муассиртарин барои таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ворид кардани ин ташаббусҳо ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ мутахассисони Кумита оид ба пешбурди масъалаҳои таъсиси ин фонд андешаҳои худро баён намуданд. Инчунин раиси Кумита қайд кард, ки Кумита ният дорад талошҳоро барои ҷалби таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он идома диҳад.