Дар семинари бозомӯзии навбатӣ
29 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ баргузор гардид.
Мавзуи семинари бозомӯзӣ “Идеологияи давлатҳои абарқудрат ва таъсири он ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ: чӣ бояд кард?” буда, аз ҷониби сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кор бо конвенсияҳои экологӣ Дӯстзода Д. С. мавриди тадрису фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд.
Дар вобастагӣ ба мавзуи мавриди назар саволҳои пеш оварда шуда, ба онҳо аз ҷониби Дӯстзода Д. ҷавобҳои мушаххас дода шуд.