Идомаи аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Тибқи супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур беш аз 25 нафар сокинони ҷамоатҳо бо истифода аз як адад техникаи махсус иштирок намуда, 3 км шафати роҳҳои пиёдагарду нақлиётгард аз хасу хошок, буттаҳои худрӯй ва хоктудаҳо тоза карда шуданд.
Дар натиҷа 5,4 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.