Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 950
    19.04.2022
    Тибки нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    “Тозагии маҳал” дар шаҳри Левакант

    Тибки нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмиллалии муҳофизати замин, дар шаҳри Левакант аксияи “Тозагии маҳал” доир карда шуд.

    Тадбири мазкур бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити ҳист дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он доираи васеи сокинон хусусан ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона ширкат намуда, сар карда аз манзили зист, кӯчаву роҳрав, назди корхонаву муассисаҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ амалҳои тозакориву созандагиро анҷом доданд.

    Ба андешаи мутахассисони соҳа тайи солҳои охир дар тамоми дунё ба ҳифзи беҳдошти муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, зеро он ба некуаҳволӣ ва саломатии одамон марбут мебошад.