Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шаҳритус
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, баҳри амалигардонии корҳои ободониву созандагӣ ва иҷрои талаботи амри раиси ноҳияи Шаҳритус “Оиди тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист” корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Аз ҷумла, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гулҳои рангоранги мавсимӣ ба миқдори 2600 бех дастрас гардонида шуда, дар назди бинои Раёсати матлуботи ноҳия, ки утоқҳои кории бахш дар бинои мазкур қарор доранд бо иштироки кормандони матлуботи ноҳия шинонида шуд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус дар оянда низ баҳри гулгулшукуфоии ноҳия ва амалигардонии корҳои ободониву созандагӣ дар ҳошияи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, истифода хоҳад бурд.