Ҷамъбасти озмуни вилоятӣ дар ноҳияи Шаҳритус
Бахшида ба ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва иҷрои бандҳои нақша-чорабинии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021-2025”, 16 апрел дар ҳудуди муассисаи мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, озмуни ноҳиявӣ дар мавзӯи “Оқибатҳои зарари партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ба муҳити зист” бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия, дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.
Дар озмун аъзои ҳакамон маводҳои аз тарафи хонандагон ба озмун пешниҳодгардидаро аз назар гузаронида, барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ номнавис гардиданд. Дар фарҷоми озмуни мазкур беҳтаринҳо бо ифтихорномаи мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии ноҳия хусусан наврасону ҷавонон аз тамоми имкониятҳои мавҷудбуда истифода бурда, минбаъд низ баҳри ташкил намудани чорабиниҳои экологӣ саъю кушиши худро ба роҳ хоҳад монд.