Идомаи чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва карори раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода «Аксияи тозагии сохил» гузаронида шуд.
Дар рафти аксияи мазкур бо иштироки 70 нафар аҳолии ҷамоати номбурда ва ду адад техникаи махсус иштирок намуданд.
Дар рафти аксияи мазкур шафати дарёи Кофарниҳон ва ҷӯйборҳои деҳаҳо бо дарозии 400 метр аз партовҳо тоза карда шуда, 3 метри куби партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи ноҳия интиқол дода шудаанд.