Душанбе шаҳри гулрез
Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025” шаҳри Душанбе бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда тараққӣ карда, раванди корҳои ободонӣ, созандагӣ ва сабзазоркунӣ боиси саросар сабзу шукуфон ва гулрезу гулафшон гардидани пойтахт хоҳад гашт.
Дар ин зимн, бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе» шинонидани 263644 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан ба нақша гирифта шуд. Дар маҷмӯъ аз аввали мавсим дар ҳудуди шаҳри Душанбе 291750 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида шуда, дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт зиёда аз 10018983 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуд, ки аз ин шумора 4538041 дона гулҳои мавсимӣ ва 5480942 дона гули лола мебошад.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва ба “шаҳри гулрез” табдил додани пойтахт дар ин давра дар ҳудуди пойтахт ба миқдори 3469053 дона қаламчаи гули садбарг дар минтақаҳои муайяншуда шинонида шуд.
Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади таъмин намудани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои тару тозаи ороишӣ бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисон бо истифода аз усулҳои парвариши муосири гулпарварӣ ва дар доираи талаботҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуд. Корхона аз 3 қитъа иборат буда, дорои масоҳати 153, 34 гектар мебошад. Гузашта аз ин, 1 адад гармхонаи замонавӣ дар масоҳати 2000 метри мураббаъ, 4 гармхонаи калон бо масоҳати 5040 метри мураббаъ ва 13 гармхонаи хурд бо масоҳати 2340 метри мураббаъ фаъолият менамоянд.