Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
4 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифагузориҳо барои ҳафтаи аз 4 то 9 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои натиҷагирии фаъолияти сохторҳои Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 бештар таваҷҷуҳ карда шуд. Дар ин росто сардорони воҳидҳои сохторӣ дар назди муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. оид ба фаъолиятҳои самти худ ба таври мушаххас ҳисобот доданд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида супоришҳо дода, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва нишон додани муҳлати иҷрои онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.