Вохӯрии мутахассинои соҳавӣ бо толибилмон дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар доираи амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои маҳаллии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мутахассисисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6–и ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва МТМУ №11–и ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Дар рафти баргузории вохӯрӣ мутахассисони соҳавӣ масъалаҳои оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи экологии ноҳия ва дигар масоили соҳаи ҳифзи муҳити зистро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Вохӯриҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд.