Вохӯрӣ бо толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳияи Рӯдакӣ
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ҷамоати шаҳраки Сомониён ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур бо хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.
Мавзӯи вохурӣ оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист буда, дар доираи масъалаи мазкур ҳамчунин бо хонандагон оид ба вазъи экологии ноҳияи Рӯдакӣ суҳбатҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифтанд.
Баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо ба баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд.