Қадрдонӣ намудани бонувони КДФ “Хоҷагии манзилии коммуналӣ”-и шаҳри Панҷакент
Бахшида ба Рӯзи модар бо иқдоми кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент 80 нафар занони Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилии коммуналӣ”-и шаҳр, ки шабонарӯз барои боз ҳам тозаву обод ва зебову дилрабо гаштани шаҳр заҳмат мекашанд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Мудири бахш оид ба нақши бузурги бонувону занон дар ҷомеаи демократӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, саҳми арзандаи онҳоро дар беҳдошти муҳити зист қайд намуд.