Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ҳисор
Баҳри сазовор пешвоз гирифтани идҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумита ва иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 27 феврали соли ҷорӣ дар деҳаи Зиракии ҷамоати Алмосии шаҳри Ҳисор маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи мазкур кормандони касбу кори гуногун, сокинони ҷамоат ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор фаъолона иштирок намуда, бо риояи талаботҳои агротехникӣ беш аз 300 дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.
Ичунин дар дигар минтақаҳои шаҳр шинонидани гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.