Ҷаласаи коршиносон оид ба омодагӣ ба ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист
10 марти соли 2022 ҷаласаи коршиносон оид ба омодагӣ ба ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун як ниҳоди масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда шарҳу таклифҳои худро пешниҳод намуд.
Аъзои гурӯҳи коршиносони техникӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ҷаласаи дуюмро баргузор намоянд.