Вохӯрӣ бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ
11 марти соли 2022 вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. бо мушовири Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Дэвид Седик баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодасозии Барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2022-2030 баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ муовини якуми раиси Кумита қайд кард, ки масъалаҳои кишоварзӣ ва экология ба ҳам зич алоқаманд буда, дар раванди таҳияи барномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо ҷанбаҳои экологӣ ва ҳуҷҷатҳои қабулшуда, аз қабили барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тағирёбии иқлим ва гуногунии биологиро ба эътибор гирифтан зарур аст.