Вохӯрӣ бо толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №177-и ҷамоати деҳоти “Чоргултеппа”–и ноҳияи Рӯдакӣ оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он масъалаҳои мубрами экологӣ баён гаштанд, вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ инчунин оид ба вазъи экологии ноҳияи Рӯдакӣ низ мусоҳиба ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Чунин вохӯриҳо дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ гардида, пайваста байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла боғча ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи мазкур аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти маҳал чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.