Семинар дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Андешидани тадбирҳои амалӣ оид ба рафти нақша чорабиниҳои Кумита доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, таҳти №478 ва нақша чорабиниҳои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб аз 14 январи соли 2022, №1 дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушду устувор, солҳои 2018 - 2028» як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд.
Аз ҷумла семинар дар мавзӯи «Об ганҷи бебаҳост» бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии Об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028» 10 марти соли 2022 дар толори Факултети химия ва биологияи ш. Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Барои муҳайё сохтани шароит ва ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ба декани факултети химия, биология ва география аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ифтихорнома супорида шуд.