Мулоқоти Раиси Кумита бо директори Иҷроия ва Раиси Фонди глобалии экологӣ (ФГЭ)
4 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Найробӣ дар ҳошияи Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP@50, бахшида ба 50-солагии таъсисёбии ин созмон) мулоқот байни Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Директори иҷроия ва Раиси Фонди глобалии экологӣ ҷаноби Карлос Мануэл Родригес баргузор гардид.
Раиси Кумита бо ҳамсӯҳбат фаъолияти кунунии ФГЭ дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист, экология, минтақаҳои табиии ҳифзшаванда ва ғайраро баррасӣ намуд. Раиси Кумита ба самти гузариш ба энергияи «сабз» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба ҳамсӯҳбат иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон беш аз 96 дарсади нерӯи барқ аз манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия тавлид мешавад ва беш аз 9 миллион дарахтони навбунёд парвариш карда шуда, дар давоми 5 соли охир дар Тоҷикистон шинонда шудааст, ки ин иқтидори кишвари моро барои маъвшавии гази карбон зиёд мекунад.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои афзоиши маблағгузории ФГЭ дар Тоҷикистон мутобиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳамкории фаъолтари ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти экологии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот раиси Кумита ҷаноби Родригесро барои боздид аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби чорабиниҳои минтақавӣ дар соли 2022 даъват намуд.