Мулоқоти Раиси Кумита бо Директори Раёсати кишварҳои барномаҳои Фонди Иқлими Сабз
2 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Найробӣ дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва хонум Каролина Фуэнтес - директори Департаменти кишварҳои Барномаҳои Фонди Иқлими Сабз баргузор гардид.
Раиси Кумита Шерализода Б.А. бо ҳамсӯҳбат лоиҳаҳои ҷории Фонди Иқлими Сабз дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкориҳо, инчунин самтҳои пешбинишавандаи густариши ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабзро баррасӣ намуд.
Дар навбати худ хонум Каролина Фуэнтес зикр намуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони фаъол дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буда, аз фаъолият ва дастгирии муваффақи Фонди Иқлими Сабз дар Тоҷикистон қайд кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси Кумита аз хонум Фуэнтес даъват намуд, ки дар доираи чорабиниҳои минтақавии ба нақша гирифташуда дар соли 2022 аз Душанбе дидан намояд.