Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1057
    28.02.2022
    28 феврали соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи...

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи роҳбарияти Кумита

    28 феврали соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С. ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи сардорони воҳидҳои сохторӣ баргузор гардид.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа оид ба фаъолияти сохторҳои Кумита дар феврали соли 2022 сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.

    Сипас, муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои иҷрои бо сифати мактубҳои назоратии ҳукуматӣ, иҷрои супоришҳои қарорҳои ҷаласаҳои назди раиси Кумита пурсон шуд. Зимнан раисикунанда масъулонро вазифадор намуд, ки масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳанд.

    Ҳамзамон, ба масъулони иҷро барои ҳафтаи ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.