Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 694
    10.02.2022
    Санаи 8-уми феврали соли 2022 нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи...

    Нишасти матбуотӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон

    Санаи 8-уми феврали соли 2022 нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон оид ба фаъолияти соҳа дар соли 2021 баргузор гардид.

    Дар нишасти матбуотӣ сардор, муовинон ва дигар кормандони масъули дасгоҳи марказии Сарраёсат ва мудирони бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок доштанд

    Ҳамчунин дар нишаст 31 нафар хабарнигорони васоити ахбори омма аз ҷумла намояндагони телевизионҳои «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Хатлон», «Қурғонтеппа», радиои «Хатлон», «Синамо», «Баҳористон», рӯзномаю ҳафтаномаҳои «Садои Мардум», «Ҷумҳурият», «Фараж», «Азия+», «СССР», «Дӯстлик», «Новий Хатлон», «Меҳровар», «Ғунчаҳои Хатлон», «Пайк», «Ҳамрози Халқ», «Хатлон», «Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва намояндаи шуъбаи таҳлиливу иттилоотии ҳукумати вилояти Хатлон ширкат намуданд.

    Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ оиб ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2021 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дод.

    Аз тарафи намояндагони воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи бештар ба мавзуъҳои ҳолати хуби санитарию экологии вилоят, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, атрофи хонаҳои баландошиёна ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, роҳу кӯчаҳо, аз ифлосиҳо эмин нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ нигаронида шуда буд.

    Дар интиҳои нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон аз масъулин ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.