Аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Хуҷанд
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи “Баҳористон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.
300 нафар муҳассилини литсейи касбӣ-политехникии шаҳри Хуҷанд ба аксия ҷалб гардида, мавзеъ аз ҳаргуна ифлосиҳо, партовҳои бесоҳиб тоза карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки кӯчаи мазкур дар мавзеи сайёҳгузар, канори роҳи “Душанбе-Чаноқ” қарор гирифта, ба ҳусни шаҳр костагӣ мерасонид.
Партовҳои ҷамъшуда тариқи идораҳои марбутаи коммуналии шаҳр ба партовгоҳи асосии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявиро васеъ истифода мекунад, то ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд.