Аксияи "Тозагии маҳал" дар шаҳри Бохтар
Дар доираи баргузории чорабиниҳои экологӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар аксияи "Тозагии маҳал" роҳандозӣ карда шуд.
Дар аксияи мазкур зиёда аз 500 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони кӯчаҳои Ваҳдат, Б. Ғафуров ва Ҷ. Абдулов фаъолона ширкат варзида дар беҳдошти ҳифзи муҳити атроф дастаҷамъонаи ҳиссагузорӣ намуданд.
Иштирокчиёни ин иқдоми беҳдоштӣ, кӯчаву роҳравҳо ва соҳили каналу ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карда бехи дарахтони саяафкану ороиширо нарм ва аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо истифода аз мавсими мусоид ва ба истиқболи ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯз ташкилу роҳандозӣ намудани ҳамингуна чорабиниҳои оммавии беҳдоштӣ дар дигар кӯчаву маҳаллаҳои маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар низ идома хоҳанд дод.