Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Тибқи супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз санаи 19 феврали соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навобод ва М.Турсунзода аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур беш аз 184 нафар сокинони ҷамоатҳо иштирок намуда, 1,9 км манбаъҳои обиро аз партовҳои сахти маишӣ тоза намуданд. Инчунин, 1,5 км шафати роҳҳои пиёдагарду нақлиётгард аз хасу хошок, буттаҳои худрӯй ва хоктудаҳо тоза карда шуд.
Дар натиҷа 13 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маҳаллаи Истиқлол-4 ноҳия як нуқтаи муваққатии партовгоҳ ташкил гардида, ба истифода дода шуд.