Дар ҷаласаи ғайринавбатии назди раиси Кумита
25 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии назди раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилии сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба масъалаҳои иҷрои бо сифати мактубҳои назоратӣ, иҷрои супоришҳои қарорҳои ҷаласаи мушовара, барасмиятдарории партовҳои дар шаҳру ноҳияҳо раванди фаъолияти сохторҳои соҳавӣ, рафти иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, омилҳои натиҷаҳои нокифояи фаъолияти баъзе сохторҳои маҳаллӣ, шинонидани дарахтон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва рафти сабзишӣ онҳо аз сардорони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Суғд, Хатлон, раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе пурсон шуд.
Дар охир, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.