Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1039
    23.02.2022
    23 феврали соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи...

    Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар Кумита


    23 феврали соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид.

    Маҷлисро муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С. ифтитоҳ намуда, кормандон ва иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, суханро ба Мирзозода Давлати Ҷумахон дод.

    Мирзозода Давлати Ҷумахон, сардори кинологияи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳури Тоҷикистон дар мавзӯи “Бунёдгузори Артиш – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуд.

    Дар чорабинӣ кормандони Кумита низ баромад намуда, аз дастовардҳои арзишманди даврони Истиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд. Ҳар як нафар тоҷики равшанзамир бояд ба қадри Ватани соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ, шукуфоии мамлакат бирасад ва атрофи Сарвари давлат дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ мо метавонем дар ободию шукуфоии  минбаъдаи кишвари маҳбуб саҳмгузор бошем.