Семинар дар мавзуи «Об барои рушду устувор солҳои 2018 - 2028» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб
18 феврали соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 шаҳри Кӯлоб бо иштироки мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб Асоев Абдураҳим, Тағоев Одил ва омӯзгорону хонандагон семинар дар мавзӯи «Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушду устувор солҳои 2018 -2028» баргузор гардид.
Дар рафти семинар аз тарафи мутахассисони Раёсат ба иштирокчиён буклет, рӯзномаи Инсон ва табиат ва маҷаллаи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018 - 2028» дода шуд.
Дар ин семинар зиёда аз 90 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзгорон иштирок варзиданд. Аз ҷониби хонандагони муассиса дар мавзуи “Тоҷикистон ташаббускори об дар ҷаҳон” маърӯзаю қироатҳо ва саҳначаи тарбиявӣ доир ба ифлос намудани ҷӯю обҳои равони маҳалли зист намоиш дода шуданд.
Барои ҷалби хонандагону омӯзгорон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, роҳбари муассиса бо ифтихорномаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.