Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1128
    21.02.2022
    21 феврали соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми раиси...

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи роҳбарияти Кумита

    21 феврали соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С. ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи сардорони воҳидҳои сохторӣ баргузор гардид.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа оид ба фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи аз 14 то 18 феврали соли 2022 сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.

    Сипас, муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуда, сабабу омилҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зистеро, ки дар ҳафтаи ҳисоботӣ дар самтҳо фаъолияти нокифоя доштанд, аз сардорони раёсатҳои назоратӣ пурсон кард. Зимнан раисикунанда масъулонро вазифадор намуд, ки масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳанд.

    Ҳамзамон, ба масъулони иҷро барои ҳафтаи ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.