Маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вобаста ба сарсабзу шукуфон гардонидани пойтахт дастгирӣ намуда, дар беҳдошти муҳити зист ва дар тақвияти корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонии пойтахти азизамон саҳм гузошта истодааст.
Дар маҳаллаи Сари осиёи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зиёда аз 450 бех ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин мавзеъ беш аз 2 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар таъмини ободонию шукуфоии пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе ҳиссагузорӣ намояд.