Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 958
    19.02.2022
    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Фархор дар асоси...

    Бартараф кардани партовгоҳои бесоҳиб дар ноҳияи Фархор

    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Фархор дар асоси нақшаву чорабиниҳо, дар якҷоягӣ бо ҷамоати деҳоти Гулшан ва хоҷагидорони деҳаи Гулшан барои бартараф кардани партовгоҳи бесоҳиб воқеъ дар деҳаи Гулшани ҷамоати номбурда ҳашари дастаҷамъона ташкил намуданд.

    Иштирокдорони ҳашари мазкур партовҳоро ҳамчун нурии минералӣ ба воситаи мошинҳои боркаш ба миқдори зиёда аз 300 м3 ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ кашониданд.

    Корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бартараф намудани партовгоҳҳои бесоҳиб дар ноҳия идома дорад.