Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1098
    17.02.2022
    Вобаста ба силсилаташаббусҳои Президенти мамлакат оид ба...

    Озмунҳои ҷумҳуриявии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёби иқлим» ва “Маърифати экологӣ” эълон мегарданд!

    Вобаста ба силсилаташаббусҳои Президенти мамлакат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳо 2018-2028”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Соли 2025- соли ҳифзи пиряхҳо”, “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, инчунин эълон гаштани “Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёби иқлим»-ро эълон менамоянд.

    Дар озмунҳо гурӯҳҳои эҷодӣ, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карда метавонанд.

    Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои зерини масоили экологиро инъикос намоянд:

    -       “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим”

    -       “Маърифати экологӣ”

    Асарҳо, видеороликҳои ба озмун пешниҳодшаванда метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шаванд.

    Асарҳо, мақолаҳо, филмҳои мустанад ва видеороликҳои тарғиботӣ оид ба мавзуъҳои озмун пешниҳодгардида, бояд тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, шабакаи Интернет ба оммаи васеъ дастрас шуда бошанд.

    Нусхаҳои онҳо бо ариза ва ишораи «Ба озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» дар коғази андозаи А4 ва ҳуруфи Times New Roman Tj (14) бо нишон додани ному насаб, суроға, суроғаи электронӣ ва телефонҳо бояд ба Комиссияи экологӣ ирсол карда шаванд.

    Озмун дар як давр аз феврали соли 2022 то 1-уми декабри соли 2022 гузаронида шуда, моҳи январи соли 2023 ҷамъбаст мегардад.

    Барои ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ, диплом ва сипосномаҳо пешбинӣ шудаанд:

    Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42. Телефон: (+ 992 37) 221-23-36. Еmail: e.k.ekologi@yandex.ru, sadoimardum@yandex.ru