Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 942
    17.02.2022
    17 феврали соли 2022 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти...

    Мулоқот бо Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон 

    17 феврали соли 2022 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ лоиҳаҳои амалӣ ва ба нақша гирифташуда оид ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва дигар соҳаҳои муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Зимни суҳбат ҷаноби Монтиел имконоти бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳияи лоиҳаҳои нави эҳтимолӣ қайд намуд.

    Инчунин дар рафти гуфтушунид оид ба таҳияи лоиҳаҳои нав, иштирок дар ташаббусҳои ояндаи Кумита чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.