Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1002
    17.02.2022
    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара...

    Гузаронидани аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал»

    дар ноҳияи Данғара

    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара, ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри раиси ноҳияи Данғара дар бораи гузаронидани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор гузаронида истодаанд.

    Аксияҳои экологӣ дар ҷамоати шаҳраки Данғара, дар кӯчаҳои марказӣ, назди хушаи гандум ва дар соҳилҳои канали паспартови маҳаллаи ҳаштуми ноҳияи Данғара, бо иштироки ташкилоту муассисаҳо ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Данғара ва масъулини ҷамоатҳои ноҳияи Данғара гузаронида шуд.

    Дар аксияҳои мазкур гирду атрофи рамзи хушаи гандум, кӯчаи марказ ва кӯчаи светавой аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, ниҳолҳои ороишии шинонида ва як адад партовгоҳи ғайри расмӣ ва дохили канали паспартови маҳаллаи ҳаштум бо дарозии 550 метр аз партовҳо тоза карда шуда, дар ҳаҷми 35 метри кубӣ партовҳо, сангу шағалҳо ва алафҳои бегона бо воситаи як адад техника тоза карда шуд.

    Дар аксияҳои мазкур кормандони касбу кори гуногун ва аҳолӣ иштирок намуда, дар шаҳраки Данғара ва кӯчаи марказии ноҳия ниҳолҳои ороишӣ (туя) ва гулу буттаҳо шинониданд ва бехи дарахтону ниҳолҳо барои пешгирӣ намудан аз хушкшавӣ нарм карда шудаанд.

    Дар аксияҳои мазкур зиёда аз 67 нафар кормандони касбу кори гуногуни ноҳия иштирок намуданд.

    Ҳамзамон мутахассисони шуъба оид ба моҳияти аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» суҳбату вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзу нигоҳубини навниҳолҳо ба аҳолӣ ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маслиҳатҳо доданд.