Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 14 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригашта доир гардид.
Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», «Нилуфар», «Саломат бошед», «Кайҳон», «Меҳри замин», «Пайк», «Озод», «Набзи диёр», Оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Озодӣ», «Суғднюс», «Спутник», «Фараж», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ -1, ТВ Суғд, 7 Ситора дар маҷмӯъ 33 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар соли 2021 дастрас гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолати партовгоҳҳои радиофаъол ва ба меъёр мутобиқ будани онҳо, дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», сабабу омилҳои хушкшавии дарахтони магнолия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.