Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Тибқи супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 21 январи соли 2022, №98 ва №97 санаи 12 феврали соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Зайнабобод, Сомониён ва Чоргултеппа аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур беш аз 350 нафар сокинони ҷамоат иштирок намуда, бо истифодаи як адад техникаи махсус ду тарафи дарёи Элок аз партовҳои сахти машӣ тоза карда шуд.
Дар натиҷа 62 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.