Иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ободонии пойтахт
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи экологии аҳолии пойтахт саҳми мушаххаси худро гузошта истодааст. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (аз ҳудуди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон то Фурудгоҳ) зиёда аз 150 адад қуттиҳои хурди ҷойгиронии партов насб карда шуд.
Иқдом ва ташаббуси мазкури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумита далели он аст, ки таваҷҷуҳи сохторҳои марбута ба беҳсозию солимгардонии муҳити зист равона гашта, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии аҳли ҷомеа дар мадди назар қарор дода шудааст.
Дар мавсими кабудизоркунии соли 2021 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонӣ ва беҳдошти шароити пойтахт корҳои назаррас анҷом дода шудааст ва зарур аст, ки тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт ин иқдомро дастгирӣ намуда, ташаббус ва саҳми худро дар тоза нигоҳ доштани пойтахти азизамон гузоранд.
Кумита ният дорад, ки дар доираи омодагӣ ба Ҷашни сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои ободонию созандагиро мувофиқи имконияту ваколатҳои худ дар пойтахти Ватани азизамон ба сомон расонад.