Маҷлиси истеҳсолии Кумита
9 феврали соли ҷорӣ маҷлиси истеҳсолии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон баргузор гардид.
Дар маҷлис масъала оид ба ҷобаҷогузории кадрҳои Сарраёсат, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ ва дастгоҳи марказии Кумита баррасӣ гардид.
Раиси Кумита кадрҳои таъиншударо табрик намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи фаъолияти касбиашон ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.