Аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Ваҳдат
5 феврали соли 2022 тибқи фармоиши Раиси Кумита ва нақшаи кории шуъба оид ба гузаронидани аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ваҳдат дар ҷамоати деҳоти К. Исмоил деҳаҳои Ваҳдатобод, Зардолӯ, Сурхтеппаи боло, Сурхтеппаи поён ва маркази шаҳр аксияи "Тозагии маҳал" гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат фаъолона иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар аксия 250 нафар аҳолии шаҳраку ҷамоати номбурда иштирок намуда, байни шоҳроҳи Ваҳдат- Норак 1500 метри тӯлони роҳи автомобилгард ва ҷӯйҳо каналҳои байни деҳаҳо тоза карда шуда, бо як адад техникаи борбардор ва як адад техникаи боркаш ба миқдори 8м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва партовгоҳ бароварда шуданд.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш. Ваҳдат тасмим гирифтааст, ки корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.