Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 897
    08.02.2022
    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, тозаву обод...

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби васеи кормандони корхонаву ташкилот, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

    Аксия дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр бо иштироки 1630 нафар гузаронида шуда, партовҳои гуногун дар ҳаҷми 8,4 метри мукааб ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.

    Чорабинӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ташкил карда шуда, ба иштирокчиён 220 адад борҷомаҳои полиэтиленӣ барои ҷамъоварии партовҳо тақсим карда шуданд.