Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1083
    02.02.2022
    Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф...

    Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент

    Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар минтақаи осебпазири ҷангал корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

    Дар рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори  450 кг гандум, 400 кг ҷав, 200 кг намак, 550 кг сабус, 250 кг окшок, 45 дона бастаи алаф, 30 дона бастаи алафи беда, 350 нарма, 250 кг орди навъи сеюм, 550 кг сабус, 200 кг намак, 50 кг намаки санг истифода бурда шуд.

    Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.