Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1000
    01.02.2022
    Мутобиқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии...

    Дар Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумита ва зерсохтори он дар соли 2021

    Мутобиқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2022, №26/10-26, санаи 1 феврали соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорон, намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва зерсохтори он дар соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

    Дар нишасти матбуотии Кумита намоянда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат иштирок намуд.  

    Ҳамзамон, хабарнигорон аз шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои сомонавию чопӣ ва овозии давлативу мустақил иштирок карданд.

    Дар оғози нишаст аз ҷониби Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба самтҳои муҳимтарини фаъолияти соҳавӣ, аз ҷумла рафти иҷрои Нақшаҳои амал, Барномаҳои давлатию соҳавӣ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар таъмини ҳадафҳои Конвенсияҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, пешбурди назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, амалигардонии чорабиниҳои дигари соҳавӣ  ба таври фишурда маълумот дода шуд.

    Сипас, дар бахши саволу ҷавоб хабарнигорон бештар ба масъалаҳои пешбурди назорати давлатӣ, самтҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳамкориҳои байналмилалӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ, натиҷаҳои экспедитсияҳо оид ба муайян намудани захираҳои барф, обоҳавошиносӣ, ҳолати партовгоҳҳо, ҷамъоварӣ  ва безараргардонии фурӯзонакҳои симобдори аз истифода баромада, вазъи экологии баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, натиҷаҳои баргузории аксияҳои экологӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

    Дар Нишасти матбуотӣ раиси Кумита, муовини якум ва муовини раиси Кумита, масъулони сохторҳои дахлдори соҳавии Кумита иштирок намуда,  ба саволҳои сершумори  хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.